2 Ноябр 2024 - 19:30
Ҳузури Тоҷикистон дар конфронси минтақаии иҷрои Конвенсияи СММ зидди фасод дар Осиёи Марказӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар аввалин конфронси солонаи аъзои платформаи минтақаӣ дар Остона ширкат кард.

Дар таърихи 30 то 31 октябри соли 2024 аввалин конфронси солонаи аъзои платформаи минтақаӣ дар мавриди иҷрои фаврии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи фасод дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаи ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд.

Дар он ҳайати расмии Агентии назорати молии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати раиси ин ниҳод ширкат кард.

Дар ин конфронс масоили марбут ба фаъолияти платформа дар соли 2024 ва иқдомоти барномарезишуда барои соли 2025 ва ҳамчунин густариши фаъолиятҳову ҷиҳатгириҳои он барои солҳои оянда мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

342/